Санаи 14 июли соли 2022 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқоти раиси Кумита – Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Квон Донг Сок баргузор гардид.
Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва дастгирии сармоягузорӣ дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, омодагӣ ҷиҳати баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ ва муҳокима гардида, доир ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат ва сабукиву имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд.
Мувофиқа карда шуд, ки дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея баргузор карда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳор намуданд.
Дар маҷмӯъ, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.