28 феврали соли 2023 дар шаҳри Братислава аввалин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва Муовини вазири иқтисоди Словакия Питер Шветс ифтитоҳ гардида, зимни он муаррифии имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ироа карда шудаанд.
Ҳайати кишварро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода, Муовини вазири молия Сарвар Қурбониён, Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир муаррифӣ намуданд.
Дар нишаст намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Словакия ва соҳибкорони ҳар ду кишвар фаъол дар самтҳои энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ, фармасевтӣ ва ғ. ширкат варзиданд.
Анҷумани мазкур ба мақсади пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар ташкил карда шудааст