Санаи 2 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конфронси нуҳум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Мишустин Михаил Владимирович баргузор гардид.
Қабл аз оғози қисмати расмии чорабинӣ, дар бахшҳои саноат, энергетика ва ҳифзи муҳити зист, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, маориф ва илм ва ҳамкориҳои байнишаҳрӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” панелҳои алоҳида гузаронида шуданд.
Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Россия, “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) ва “Соҳибкор бо намояндаи давлат” (В2G) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Нимаи дуюми рӯз дар Муассисаи давлатии “Кохи Истиқлол” қисмати асосии чорабиниро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Мишустин Михаил Владимирович бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Қайд гардид, ки чорабинии мазкур барои рушди имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мусоидат менамояд.
Зимни баргузории Конфронс имкониятҳои сармоягузории мамлакат ва механизму қонунгузории соҳа ба меҳмонон ва сармоягузорон муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 800 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Россия, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти минтақавӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ ва дигар корхонаҳои давлатию хусусӣ иштирок намуданд, ва идома дорад