Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Таҷлили «Рӯзи модар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

      Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба муносибати Рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид.

      Чоррабиниро  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ҳусни оғоз бахшида занону бонувонро ба муносибати ин рӯзи саид табрику таҳният гуфта, аз ҷумла иброз дошт,ки аввалин ид ҳам дар ин фасли зебо Иди Модар аст, ки рост омадани он бо ин айёми мубораку фархунда амри тасодуфӣ нест. Зеро модар худ рамзи ҳаёт, зебоӣ, муҳаббат, фазилат ва меҳрубонӣ аст.

      Дар солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон мунтазам дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри амалӣ намудани он марҳила ба марҳила чораҳои мушаххас андешида шуданд. Сарвари давлат чун ҳамеша занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштаанд. Тавассути сиёсати некбинона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон модели сиёсати давлатии Тоҷикистон эҷод гардидааст.

      Воқеан, зан - модар сазовори ҳама гуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардидани рӯзи 8-уми март дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи модар» далели равшани қадршиносӣ ва бузургдошти манзалати Зан-Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст

      Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки "Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд".

      Воқеан, модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагии бевосита дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.

      Пас аз суханронӣ аз ҷониби раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бонувони Кумитаро барои саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамари кориашон бо “Ифтихорнома” -и  Кумита қадрдонӣ намуд.

       

      АКСҲО:

      07.03.2023
      2 358
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО