Санаи 24 майи соли 2023 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «ОКСУС ИНТЕРАЗИЯ FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баргузор гардид.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ОКСУС ИНТЕРАЗИЯ FZCO» тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷии ширкати «Interasia FZCO» дар ҳаҷми 20,0 млн доллари амрикоӣ, корхонаи истеҳсоли тамокуро дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо 78 ҷойи кории нав сохта ба истифода диҳад.
Иқдоми пешгирифта ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба ҳадафи чоруми миллии эълоннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии кишвар мувофиқ мебошад.