Рӯзҳои 11-14 июни соли 2023 Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава дар доираи 25-солагии ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар доираи ташриф, як қатор вохӯриҳо, аз ҷумла мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава, инчунин вохӯрӣ бо бахши иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Зимни сафар Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава инчунин дар ифтитоҳи дафтари нави Намояндагии доимии Бонк дар Тоҷикистон иштирок намуда, аз мавзеи иншооти лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ва лоиҳаи барқарорсозии НБО "Сарбанд" дидан намуд.
Соли 2023 ба ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 25 сол пур гардида, дар ин давра портфели маблағгузории Бонк ба Тоҷикистон 180 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи умумии он 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Танҳо дар се соли охир, Бонк ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст.
Маблағҳои пешниҳодшуда ба соҳаҳои инфрасохтору иҷтимоӣ равона гардида, дар баробари ин, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Бонк барои дастгирии Буҷети давлатӣ ва роҳандозӣ намудани ислоҳотҳои самрабахш маблағгузорӣ шуда истодааст.
Тибқи модели нави маблағгузорӣ Бонки Осиёии Рушд солҳои минбаъда равонасозии маблағҳоро ба бахши хусусӣ ба нақша гирифтааст, ки он барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Бонк бо Тоҷикистон мусоидат менамояд.