Имрӯз бо иштироки роҳбарияти Кумита, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси Кумита Зуҳурзода Саид ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда имрӯз бо баракати сулҳу ваҳдат дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ пойдор аст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва арҷгузорӣ ба Ваҳдати миллӣ қайд менамоянд: “Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд”.
Сипас, сардори раёсати таҳлили Кумита – Бадуршозода Миралӣ оид ба ин санаи муҳми тақлирсози миллат муфассал баромад намуд.
Дар охир муовини раиси Кумита бори дигар ҳамаи ҳизиринро ба ифтихори ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, тани сиҳат, иқболи баланд, осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракати рӯзгорро таманно намуд.