Санаи 22 июни соли 2023 дар ҳошияи 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии савдо – “Суғд -2023” аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» бо иштироки беш аз 600 нафар соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд Форуми соҳибкории G5 баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи расмии форум аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани нерӯ, ҳавасманд кардани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, тақвияти афкор ва васеъ намудани маълумотнокии иштирокчиён, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид миёни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ аз ҷониби 5 нафар соҳибкори муваффақи ватанӣ вобаста ба мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ ва инчунин таҷрибаву пешрафти кори худ табодули афкор сурат гирифт.
Дар қисмати дигари Форум панели мубоҳисавӣ дар мавзӯи “Афзалиятҳои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” роҳандозӣ гардида ба соҳибкорон дар роҳи тақвият, ҷалб ва дастрас намудани маълумоти муфид, имконияти мусоид маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.
Баргузории чунин Форумҳо метавонад дар ҳавасманд гардонидани соҳибкорони навкор, пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ, муколамаи мақсадҳои тиҷоратӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни соҳибкорон мусоидат намояд.