Фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тақвияти сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва моликияти давлатӣ равона гардида буд.
Сармоягузории давлатӣ
Дар давраи ҳисоботӣ 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 49,1 млрд. сомонӣ баробар ба 4,50 млрд. доллар амалӣ гардида истодааст.
Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ ҳамагӣ 21,3 млрд. сомонӣ ё 1,95 млрд. доллар аз худ кадра шудааст.
Дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ бошад дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 3 260,0 млн. сомонӣ ё 298,7 млн. доллар аз худ карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 106 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.
Аз ҷумла, дар соҳаҳои зерин:
энергетика дар доираи 17 лоиҳа 873,0 млн. сомонӣ (80,0 млн. доллар);
- нақлиёт дар доираи 14 лоиҳа 1 315,1 млн. сомонӣ (120,5 млн. доллар);
- тандурустӣ дар доираи 9 лоиҳа 260,0 млн. сомонӣ (23,8 млн. доллар);
- хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи 13 лоиҳа 196,4 млн. сомонӣ (18,0 млн. доллар);
- кишоварзӣ дар доираи 3 лоиҳа 88,4 млн. сомонӣ (8,1 млн. доллар);
- экология ва ҳолатҳои фавқулодда дар доираи 8 лоиҳа 81,0 млн. сомонӣ (7,4 млн. доллар);
- маориф дар доираи 6 лоиҳа 134,2 млн. сомонӣ (12,3 млн. доллар);
- ирригатсия/обёрӣ дар доираи 4 лоиҳа 77,5 млн. сомонӣ (7,1 млн. доллар);
- дигар соҳаҳо (гумрук, молия, сайёҳӣ ва ғ.) дар доираи 8 лоиҳа 233,5 млн. сомонӣ (21,4 млн. доллар).
Барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат бо шарикони рушд созишномаҳои нав ба маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ (208,6 млн. доллар) ба имзо расонида шуд, ки 99 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад.
Сармоягузории хориҷӣ
Тибқи маълумоти фаврии Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ба ҷумҳурӣ 906,0 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст.
Ҳамзамон ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, дар соли 2023 баимзорасонии 5 созишномаи сармоягузориро ба маблағи беш аз 4 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудаастаст.
Дар ин давра, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 10 форуму ҳамоишҳо, аз ҷумла бо давлатҳои Британияи Кабир, Россия, Швейтсария, Испания, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркменистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Чехия баргузор карда шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои зикргардида беш аз 120 санадҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, энергетика, фармасевтика, молия ва тиҷорат ба имзо расонида шуда, марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодаанд.
Соҳибкорӣ
Дар давраи нимсолаи якуми соли 2023 дар самти дастгирии соҳибкорӣ, пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо як қатор корҳо амалӣ шуданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 дар мамлакат 345,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7000 адад ё 1,4 фоиз зиёд зиёд мебошад.
Аз ҷумла, соҳибкорони инфиродӣ 311,9 ҳазор адад, ва шахсони ҳуқуқи 33,4 ҳазор нафар.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дар ин самт барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳшурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №50 қабул гардид. Тибқи Барнома амалисозии як қатор ислоҳотҳо барои рушди соҳа пешбинӣ шудааст.
Ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар самти танзими муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, такмил додани қонунгузории соҳа ва то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар таҳрири нав дар заминаи қонунҳои амалкунандаи соҳа таҳия карда шуд, ки он 22 июни соли 2023, №1968 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Дар ин давра дар натиҷаи татбиқи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ шумораи мақомоти санҷишӣ аз 27 ба 23 адад расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 9,3 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳамагӣ 1,3 млрд. сомонӣ ё 34,4 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷумла, дар соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Бохтар, Хоруғ, Хуҷанд ва шаҳри Кулоб зиёда аз 300 чорабиниҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ гузаронида шуданд.
Моликият
Дар самти ҳалли масъалаҳои истифодаи самараноки моликияти давлатӣ корҳои зарурӣ анҷом дода шуда, 20 санади меъёрии ҳуқуқӣ (2 лоиҳаи қарор ва 18 лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳия гардидаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки моликияти давлатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидишуда аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи босамари моликияти давлатӣ беш аз 80,0 млн сомонӣ ба буҷети давлат ворид шудааст.
Ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки амволи давлатӣ 917 адад воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 33,5 млн сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронида шудаанд.
Маълумоти иловагӣ
www.investcom.tj
www.molikiyat.tj
www.muzoyada-kvd.tj
www.tajinvest.tj
www.bizincubator.tj
www.ppp.tj
www.investmentcouncil.tj
www.b2b.tj
Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи
амволи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон