Санаи 10 августи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Қодирзода С., Сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Х., роҳбарият ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои системаи Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи 2023 баргузор гардид.
Нахуст дар назди рӯзноманигорон аз ҷониби раиси Кумита вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи 2023 аз ҷумла, оид ба раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маълумоти мухтассар дода шуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи посух дода шуд.