Санаи 5 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи Хаят Реҷенсӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода У.Ю. ва Мудири иҷроияи Кумитаи Шарқии иқтисоди Олмон Михаел Хармс Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид. Дар Форум роҳбарони вазорату идораҳо ва беш 100 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз ҳарду тараф ширкат варзиданд.
Форуми сармоягузорӣ бо сухани ифтитоҳи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода У.Ю ва Мудири иҷроияи Кумитаи Шарқии иқтисоди Олмон Михаел Хармс оғоз гардид. Зимни суханронӣ Усмонзода У.Ю. қайд намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон бо кӯшишҳои мутақобила рушд ёфта, баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, логистика, нақлиёт ва технологияҳои муосир муаррифӣ карда шуданд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, дар он ба сармоягузоронӣ олмонӣ лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории пешниҳод гардид.