Бо мақсади рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 ноябри соли 2023 Ҳамоиш таҳти унвони “Ислоҳотҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳусни оғоз гардида, баъдан суханрониҳо аз ҷониби Маликзода Нарзулло - муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холгер Вифел - Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ленни Монтиел - Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Турсунзода Азим - муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаррух Султонов - Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид.
Дар чорабинӣ беш аз 100 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, бахши хусусӣ, коршиносони сатҳи миллию минтақавӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳо соҳаи соҳибкориро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ ва асоси муваффақият қарор додааст, ки татбиқи дурусту самараноки он ҳамарӯза иқдомҳои созандаву дурбинонаро амалӣ менамояд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ муаррифии “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2023 – 2027”, рӯнамо оид ба ислоҳотҳои соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва самти низоми иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва оид ба дастгирии соҳибкории ҷавонон маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҷиҳати мусоид намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ миёни иштирокчиёни чорабинӣ мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.