ТАМОС БО МО
12 декабри соли 2023 дар доираи ҷаласаи Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисоди ва Рушд (СҲИР) дар шаҳри Парижи Фаронса вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сардори шуъбаи АвруОсиёии СҲИР ҷаноби Уилиям Томпсон баргузор гардид.
Дар вохурӣ ба ҳозирин маълумот вобаста ба Ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дода шуд. Сипас вобаста ба дастовардҳои иқтисоди миллӣ дар самти ҳадафҳои стратегии кишвар ва ислоҳоти гузаронидаи Ҳукумати кишвар дар самтҳои иқтисодиву сармоягузорӣ маълумот дода шуд.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.