Фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тақвияти сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва моликияти давлатӣ равона гардидааст.
Сармоягузории хориҷӣ
Тибқи маълумотҳои оморӣ - дар соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ 2,7 миллиард долларро ташкил дод.
Афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2022 - 113,6 млн доллар ё 4,4 фоизро ташкил дода, аз ҳисоби зиёдшавии дигар намуди сармоя ба андозаи 26,1 фоиз (маблағи 510,8 млн.доллар) ташаккул ёфтааст.
Дар ин давра, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар, ҷалби сармояи мустақим ва диверсификатсияи он мулоқоти маҷозии соҳибкорони Тоҷикистон бо Швейтсария ва Испания, ҷаласаи аввали Гурӯҳи корӣ оид ба ҷалби сармояи мустақим аз Ҷумҳурии Беларус, Конфронси нуҳум оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия, Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон, форуму ҳамоишҳои сармоягузории Тоҷикистону Озорбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Корея, Чехия, Олмон, мулоқоти дуҷониба байни сохторҳои давлатию хусусии Тоҷикистон ва Россия, форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2023» ва форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбеинвест-2023», форуми сармоягузории «Тоҷикистону Эрон» баргузор карда шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои зикргардида як қатор санадҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, ҷиҳати оғози татбиқи онҳо аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатию бахши хусусӣ корбарӣ рафта истодааст.
Инчунин дар соли 2023 барои бунёди 4 корхонаи бузурги саноатию хизматрасонӣ, ки маблағи онҳо доираи 1,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, бо сармоягузорони хориҷиву ватанӣ созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, корбарӣ барои воридоти сармоя ва оғози лоиҳаҳо идома дорад.
Сармоягузории давлатӣ
Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 85 адад (51 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 49,3 млрд. сомонӣ (4,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 32,9 млрд. сомонӣ (3,0 млрд. доллар) ё 67,1 фоиз, маблағҳои қарзӣ 15,0 млрд. сомонӣ (1,37 млрд. доллар) ё 29,7 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,34 млрд. сомонӣ (122,0 млн. доллар) ё 2,6 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 62,9 млн. сомонӣ (5,7 млн. доллар) ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ 25,8 млрд. сомонӣ (2,35 млрд. доллар) маблағҳо азхуд гардидааст.
Соҳибкорӣ
Дар давраи соли 2023 дар самти дастгирии соҳибкорӣ, пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо як қатор корҳо амалӣ шуданд.
Тавассути низоми «Равзанаи ягона» ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 350,2 ҳазор адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият мекунад, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 10 138 адад ва ё 2,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 10 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷониби Кумита тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дар ин замина, дар давоми соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва бахшҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кулоб ва ноҳияи Рашт зиёда аз 230 чорабиниҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ гузаронида шуданд.
Вобаста ба идомаи ислоҳот дар самти такмил додани қонунгузорӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва дигар намуди ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” бо тартиби муқарраргардида дар таҳрири нав таҳия карда шуд, ки он 22 июни соли 2023, №1968 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Инчунин, дар доираи ин тадбир, кам кардани шумораи умумии номгӯи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта то 25 дарсад пешбинӣ шудааст, ки ин замина ба иҷрои дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад.
Дар як вақт ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №1968 «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» Нақшаи амал оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор корбарӣ гардида истодааст.
Моликият
Дар соли 2023 аз ҷониби Кумита ҷиҳати истифодаи самаранок ва танзими молу мулки давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бо қарорҳои дахлдори Кумита 1164 адад воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 38,1 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронда шудаанд.
Инчунин, дар ин давра ҷиҳати танзими масъалаҳои идораи моликияти давлатӣ 21 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида қабул гардидаанд.