Санаи 5 марти соли 2024 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо ҳайати Шӯрои директорони Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон, аз ҷумла Гаган Малхотра директори алтернативии меҳмонхонаи «Хилтон», Сергей Ким директори генералии «Финка», Зулкифл Бхатти директори генералии «Хаятт Ридженси», Бурак Атеш директори генералии «Coca-Cola» ва Нилуфар Булбулшоева директори иҷроияи палатаи мазкур дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон бо сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ҳамкорӣ дошта, вазифаи асосии он беҳсозии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон тавассути пешбурди таҷрибаҳои соҳибкорӣ, манфиатҳои аъзоён, ташкили шабакаҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба ҳисоб меравад ва зиёда аз 50 ширкатҳои бонуфузи кишвар аз қабили «RSM», «Somon Air», «FINCA», «СИЁМА» «FIFTYFIVE GROUP», «TAJ-ET», «Hilton», «Icom»,«Bakertilly»,«Tcell»,«Зеркало» ва ғайраҳо, аъзои он мебошанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои баргузории форумҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла форуми сармоягузории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америка, муаррифӣ ва беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва дигар самтҳои афзалитянок якҷо ҳамкорӣ менамоянд.