Санаи 24 апрели соли 2024 дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия ҳамоиши «Муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия» (Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия) баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ беш аз 100 ширкат аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Италия иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш имконияти ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ду кишвар дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва имтиёзҳо дар ин самт аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон, имкониятҳои саноатии кишвар аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нав Кабир Шералӣ ва имкониятҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер муаррифӣ карда шуданд.
Зимнан, роҳбарият ва намояндагони ширкатҳои «Webuild» ва «Carrera» аз таҷриба ва фаъолияти муваффақи ширкатҳои итолиёвӣ дар Тоҷикистон ба иштирочиёни ҳамоиш маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб баргузор гардида, дар доираи онҳо масъалаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ матраҳ карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуда, дар доираи он ба маблағи зиёда аз 150,0 млн. доллари ИМА ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.