ТАМОС БО МО
Нимаи дуюми рӯзи 2 майи соли 2024 дар шаҳри Тбилисии Грузия дар ҳошияи ҷаласаи ҳарсолаи 57-уми Шӯрони мудирони Бонки Осиёии Рушд мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Осиёии Рушд муҳтарам Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд, идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рушди “иқтисоди сабз” ва ҷалби сармоягузориҳои БОР барои сохтмони иншоотҳои муҳими стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.