Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи 57-уми Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Рушд

      Рӯзҳои 2-4 майи соли 2024 дар шаҳри Тбилисии Грузия ҷаласаи ҳарсолаи 57-уми Шӯрони мудирони Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Осиёии Рушд муҳтарам Ҳоким Холиқзода иштирок намуданд.

      Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода роҷеъ ба вазъи кунунии иқтисодиёти ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон, инчунин самтҳо ва афзалиятҳои минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд изҳорот доданд

      Дар ҳошияи ҷаласа, ҳамзамон мулоқотҳои дуҷонибаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава, ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Йингмин Янг, ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Тереза Червинска, директори генералии БОР доир ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков ва директори иҷроияи БОР Викас Шил баргузор гардид.

      Дар мулоқотҳо масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд, идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок,  масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, рушди “иқтисоди сабз” ва ҷалби сармоягузориҳо барои сохтмони иншооти муҳими стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

      Ҳайати кишвар, ҳамчунин дар як қатор чорабиниҳои дар доираи ҷаласа баргузоргардида, аз ҷумла ҷаласаи 14-уми Хазинаи Рушди Осиё иштирок намуданд.

      Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода дар панели сатҳи баланд дар мавзӯи  “Маблағгузории сабз дар занҷираи арзиши иловашуда дар доираи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) ҳамчун панелист иштирок ва суханронӣ намуданд.

      АКСҲО:

      04.05.2024
      1 770
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО