Cанаи 29 майи соли 2024 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастоҳи марказӣ ва корхонаҳои системаи Кумита ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Ҷамшедзода Ҷамшед бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти сои 2024, №АП-533 бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, чорабинӣ вобаста ба тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар баргузор гардид.
Дар кори чорабинӣ аз ҷониби маърузачӣ зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намудаанд, ки «Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад» ва дар арафаи санаи таърихӣ бахшида ба ҷашнгирии 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, ки эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ гувоҳи қадамҳои устувори миллати тоҷик баҳри созмони ҷомеаи демократӣ, якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, татбиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, иштирокдорон ҷиҳати дарёфти роҳҳои баамалбарории босамари он ва рафъи мушкилоти ҷойдошта табодули назар намуданд.