Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҳамоиш оид ба муаррифии “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027”

         Санаи 3 июни соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ”  ҳамоиш вобаста ба муаррифии “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” баргузор карда шуд.

         Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Бонки милии Тоҷикистон, ҳусни огоз бахшиданд.

         Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти таҳкими мақоми занон дар ҷомеа пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт аз ҷумлаи иқдоми муҳим ҷиҳати боло бурдани манзалати зан дар ҷомеа мебошад.

         Аз ин лиҳоз, бо мақсади мукаммалсозиву содагардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории занон, бахусус дастрасӣ ба захираҳои молиявии арзон, таъмини инфрасохтор ҷиҳати фаъолияти самараноки занон ва баланд бардоштани малакаи соҳибкории онҳо “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” қабул гардид.

         Инчунин, тибқи барнома аз ҷониби Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ва Роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ пешкаши ҳозирин гардид.

         Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар иштирокчӣ аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаҳои саноат, коммуникатсия, хӯрокворӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд.

         Ҳамзамон, тибқи барнома рӯнома оид ба муаррифии “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” ба иштирокчиён манзур карда шуд.

         Пас аз қисмати расмии чорабинӣ кор дар панел давом ёфта, дар фарҷом тарафҳо ба ифоқа расиданд, ки чунин чорабиниҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.

      АКСҲО:

      07.06.2024
      2 361
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО