Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон

      19 июли соли 2024 ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон  Роман Скляр баргузор гардид.

      Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оғоз гардида, иттилоъ дода шуд, ки ҳамкории  иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат беш аз пеш густариш ёфта, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса дорад.

      Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши мол дар соли 2023 байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1,1 млрд. долларро ташкил дода, Қазоқистон дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 ҷои 4-умро ишғол менамояд.

      Айни замон дар ҷумҳурӣ 92 ширкати қазоқистонӣ фаъолият дошта, дар давраи 10 соли охир аз ҷониби онҳо 45,0 млн. доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.

      Зикр шуд, ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон имконияти зиёди иқтисодию сармоягузорӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноки он ба манфиати рушду пешрафти ҳарду давлат аст.

      Инчунин, дар ҷаласаи  мазкур вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуда, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳар чи бештар тақвият додани ҳамкории судманди иқтисодию тиҷоратӣ иброз намуданд.

      Дар ҷараёни ҷаласаи Комиссия ба мақомоти давлатии ҳарду ҷониб барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фароҳам овардани шароити мусоид  барои афзоиши гардиши савдои дуҷониба  дастуру споришҳо дода шуданд.

      Ҳамзамон зикр гардид, ки сафари давлатии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар моҳи августи соли ҷорӣ, бешубҳа, барои тақвият ёфтани муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо мусоидат хоҳад кард.

      Аз натиҷаи кори ҷаласа Протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.

      АКСҲО:

      19.07.2024
      2 881
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО