Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Малайзия

       Санаи 18 - уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия бо иштироки раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарону намояндагони мақомоти давлатию доираҳои сармоягузории Малайзия Форуми сармоягузории Тоҷикистону Малайзия баргузор карда шуд.

      Дар Форуми мазкур имконият ва зарфиятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода муаррифӣ карда шуд.

      Инчунин, дар доираи Форум зимни баргузории панели алоҳида таҳти унвони “Тоҷикистон ва Малайзия: Анҷумани шабакаҳои тиҷоратӣ” аз ҷониби вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода саволҳои соҳибкорону сармояузорони Малайзия доир ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон посухҳои мушаххас дода шуд.

      Зимни чорабинӣ ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо ба ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузори ҷонибҳо мусоидат менамояд.

      Иштирокчиёни Форум ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва сатҳи чорабинӣ баҳои баланд дода, мувофиқа ҳосил шуд, ки ҳайатҳои сармоягузорон ва соҳибкорони малайзиягӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба роҳ мондани фаъолияти сармоягузориро баррасӣ менамоянд.

      Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

      АКСҲО:

      18.11.2024
      1 054
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО