Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Вохурӣ бо Президенти Сингапур ҷаноби Тарман Шанмугаратнам

      Санаи 20 ноябри соли 2024  дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сингапур, мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо Президенти Ҷумҳурии Сингапур ҷаноби Тарман Шанмугаратнам баргузор гардид.

      Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои афзалиятноки муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, канданиҳои фоиданок, молия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, бонкдорӣ, рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногун, инчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

      Бояд қайд намуд, ки Тарман Шанмугаратнам ҳамчун узви Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисоди об яке аз ҳаммуаллифони гузориши “Иқтисоди об” ба ҳисоб рафта, дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об, ки бо ҳамраисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи  марти соли 2023 дар шаҳри Ню Йорк баргузор гашт, саҳми муносиб гузоштааст.

      Дар ин робита, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Сингапурро дар пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ баррасӣ намуда, баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои обро дар Душанбе дар соли 2028 барои тақвият бахшидани масъалаи об муҳим арзёбӣ намуданд.

      Султон Раҳимзода ба Тарман Шанмугаратнам барои ҳамкориҳо дар ин самти муҳим изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчунин ӯро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.


      20.11.2024
      1 085
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО