Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

      Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар бо мақсади  тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз 17-26-уми ноябр ба давлатҳои Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд сафари корӣ анҷом медиҳанд.
      Рӯзҳои 17 то 19 - уми ноябр дар доираи сафар ба давлати Малайзия ҳайати кишвар бо як қатор роҳбарони баландпояи ин кишвар, аз ҷумла муовини Сарвазир ҷаноби Юсуф Фадиллаҳ, собиқ Сарвазир доктор Маҳатҳир бин Муҳаммад, вазири молия  ҷаноби Датук Сери Амир Ҳамза Азизан, муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия, ҷаноби Лю Чин Тон, валиаҳди Салтанати Негери Сембила ҷаноби Тунку Али Резауддин ва Гурӯҳи палатаҳои савдои Малайзия дидору мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
      Дар доираи сафари мазкур санаи 18 - уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарону намояндагони мақомоти давлатию доираҳои сармоягузории Малайзия Форуми сармоягузории Тоҷикистону Малайзия баргузор карда шуд.
      Дар Форуми мазкур имконият ва зарфиятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода муаррифӣ карда шуд.
      Инчунин, дар доираи Форум зимни баргузории панели алоҳида таҳти унвони “Тоҷикистон ва Малайзия: Анҷумани шабакаҳои тиҷоратӣ” аз ҷониби вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода саволҳои соҳибкорону сармояузорони Малайзия доир ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон посухҳои мушаххас дода шуд.
      Зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва Форуми сармоягузорӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди сабз, энергетика, манбаҳои нерӯи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом иброз намуданд.

      АКСҲО:

      19.11.2024
      1 214
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО