ТАМОС БО МО
Санаи 22 ноябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия мулоқот намуд.
Зимни вохӯрии ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба тавассути амалигардонии барномаҳои муштараки ҳамкорӣ, табодули сафарҳои ҳайатҳои ҷонибҳо ба кишварҳои якдигар, иштирок дар форумҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ташаббусҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф иброз намуданд.