Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Исломии Рушд

      Санаи 24-уми ноябр дар шаҳри Риёз дар ҳошияи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.
      Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуда, аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ изҳори қаноатмандӣ гардид.
      Таъкид гардид, ки аз оғози ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд маблағи зиёда аз 916 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Айни ҳол, дар кишвар ба маблағи зиёда аз 237 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрии заминҳо, маориф ва тандурустӣ амалӣ шуда истодааст.
      Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар дигар самтҳои муҳими таъмини рушди кишвар, аз қабили саноату кишоварзӣ, энергетика, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва табдил додани онҳо ба роҳҳои муосири байналмилалӣ иброз намуданд.
      Дар фарҷом аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ба Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ордени “Дустӣ” барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба супорида шуд.
      Президенти Бонки Исломии Рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер миннатдорӣ ва самимияти худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонӣ бо ин мукофоти давлатӣ баён намуд.

      АКСҲО:

      24.11.2024
      830
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО