Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ...
    • ТАМОС
    • ТЕНДЕРҲО
    • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
    • ДАР БОРАИ КУМИТА
"/>
Русский English
Тоҷикӣ
  • Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
  • Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
  • Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
  • Чаро Тоҷикистон?

  • Тоҷикӣ
    • Забон
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • +992 (37) 221-86-59
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
  • info@investcom.tj
  • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

Мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Фонди Саудии Рушд

Асосӣ
—
Маркази матбуотӣ
—
Хабарҳо

Санаи 24 ноябр дар шаҳри Риёз дар ҳошияи иштироки ҳайати кишвар дар 28-умин Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо директори Фонди Саудии Рушд Султон Ал – Маршад баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо Фонди Саудии Рушд баррасӣ карда шуда, аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва обёрӣ изҳори қаноатмандӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар солҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Саудии Рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ 296,7 млн доллари ИМАҷудо намудааст. Айни замон, бо дастгирии Фонди мазкур 3 лоиҳа ба маблағи умумии 145,0 млн. доллари ИМА дар соҳаҳои маориф, ирригатсия ва энергетика мавриди татбиқ қарор доранд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар дигар самтҳои муҳими таъмини рушди кишвар, аз қабили саноату кишоварзӣ, энергетика, рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва табдил додани онҳо ба роҳҳои муосири байналмилалӣ иброз намуданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ба Директори Фонди саудии рушд Султон Ал – Маршад барои ҳамкории судманд ва дастгирии лоиҳаҳои инфрасохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози сипос намуда, номбурдаро барои ташриф ба Тоҷикистон даъват намуд.
 

АКСҲО:

24.11.2024
911
Саҳифаи асосӣ
  • Хабарҳо
  • Эълонҳо
  • Форумҳо
  • Ҳуҷҷатҳо
  • Нашри матбуотӣ
  • Видеомаводҳо


Сармоягузорӣ
Сармоягузории давлатӣ
Имкониятҳои сармоягузорӣ
Роҳнамои сармоягузор
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Харитаи сармоягузорӣ
Соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
Механизмҳои ҳамкорӣ
Санҷиши фаъолият
Раёсати иҷозатномадиҳӣ
Рейтингҳо
Соҳибкории занон
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Моликияти давлатӣ
Идораи моликияти давлатӣ
Таҷдид ва хусусигардонӣ
Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Чаро Тоҷикистон?
2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика
ТАМОС БО МО