Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ

      Санаи 26-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо иштирок ва суханронии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
      Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ду кишвар дар арсаҳои сиёсию дипломатӣ, бехатарӣ, савдо, сармоягузорӣ, молия, гумрук, энергетика, саноат, нақлиёт, алоқа, маориф ва илм, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, ВАО, фарҳанг, туризм, варзиш ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
      Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст ва бо баҳрабардорӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи байни ду кишвар метавон дар ояндаи наздик шоҳиди рушди босуръати муносибатҳои ду кишвар дар ин бахшҳои муҳим шуд.
      Ҷалби сармоягузорӣ аз муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои бузурги Шоҳигарии Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию иҷтимоӣ, рушди иқтидори истеҳсолӣ ва ҷори намудани технологияи муосир дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, масолеҳи сохтмони, нассоҷӣ, коркарди сангҳои қимматбаҳо, дорусозӣ, маводи хӯрокворӣ, сохтани маҷмааҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои замонавӣ муҳим арзёбӣ гардид.
      Дар фарҷом, аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал – Фолиҳ протоколи ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расонида шуд.

      АКСҲО:

      26.11.2024
      958
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО