Санаи 26-уми ноябр дар ҳошияи 28-уми Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мизи мудаввари доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ба доираҳои тиҷоратию сармоягузории Саудӣ муаррифиномаи имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон манзур карда шуда, вобаста ба имкониятҳои пешбурди фаъолияти тиҷоратию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои зарфияту имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ буда, соҳаҳои энергияи сабз, бофандагӣ, саноати маъдан, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, металлургия, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва ғайра имконоти зиёдеро барои сармоягузорӣ доро мебошанд.
Ин имконоту зарфият дар якҷоягӣ бо кафолату имтиёзҳои барои сармоягузорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда, инчунин афзоиши талабот ва нарх дар бозорҳои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ шароити хубро барои сармоягузорони хориҷӣ муҳайё менамояд.
Дар назар аст, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ ҳайати бонуфӯзи доираиҳои тиҷоратию сармоягузории Арабистони Саудӣ барои иштирок дар ҷаласаи нахустини Шурои соҳибкории ду кишвар ба шаҳри Душанбе сафар хоҳанд кард.
АКСҲО: