Cанаи 6-уми декабри соли 2024 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сафирон ва бахши хусусӣ аз ҳарду ҷониб бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Фаррух Юсуфзода ва Муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Белорус – Наумович Владимир Александрович ҷаласаи дуюми Гуруҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Белорусия дар шакли маҷозӣ баргузор карда шуд.
Қайд гардид, ки таъсиси механизми ҳамкории мазкур босамар буда, ҳадафи асосии он тақвияти робитаҳои иқтисодии кишвар ва муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии Ҷумҳурии Беларус дониста мешавад. Механизми мазкур ҳамчун замина ба таъсиси сохториву ташкилотӣ барои танзими муносибатҳо бо доираҳои тиҷоратӣ ва муҳокимаву баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ, дар таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои калидӣ бо муайян намудани самтҳои умедбахши сармоягузорӣ барои ҳамоишҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи вохӯрии мазкур масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодиву сармоягузорӣ байни ҷонибҳо муаррифӣ ва муҳокима гардида, вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо иқдомоти минбаъда баррасӣ карда шуданд.
Тибқи барнома имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ҷонибҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ тариқи рунамо муаррифӣ карда шудаанд.