Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ БАХШИДА БА 30 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ ҶАЛАСА БАРГУЗОР КАРДА ШУД

      Санаи 13 декабри соли 2024 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарият, кормандон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло иштирок доштанд.

      Ҳамоиши идона нахуст бо садо додани Суруди милли Тоҷикистон шурӯъ гардид.

      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода зикр намуд, ки воқеан таҷлили ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои аъзо ва ҷонибдорони он дар баробари санаи муборак ва хотирмон будан, ҳамзамон мояи ифтихор ва боиси тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ хоҳад буд.

      Ҷаласаи имрӯзаи мо, ки ба таҷлили ин санаи таърихии ҳизб бахшида шудааст, барои ҳар яки мо аз манфиат холӣ нест ва ватандӯстиву зиракии сиёсии моро боло бардошта, муҳаббату садоқати моро ба ҳизб ва Роҳбари муаззами он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ ба Тоҷикистони азиз боз ҳам бештар месозад.

      Ҳамзамон бо пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ин давра хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар сарчашма мегиранд.

                Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ба чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалият медиҳад.

               Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло доир ба нақши ин ҳизби созанда дар таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣибрози андеша намуда, изҳор дошт, ки агар ба таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар афканем, эътимодманд мешавем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу хештаншинос, фарзанди баруманди халқи тоҷик Пешвои миллат сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар татбиқи ғояҳои барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузоранд.

               “Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.” – дар фарҷом иброз намуд Раиси Кумита.

               Инчунин, дар ҷаласа ба якқатор аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амвол” сипосномаҳо ва барои аъзошавии кормандонӣ ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

      АКСҲО:

      13.12.2024
      966
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО