24 декабри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур, муовини раиси Шӯро - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро - вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, роҳбарони 23 мақомоти санҷишӣ, мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, намояндагони шарикони рушд, бахши хусусӣ, шахсони мансабдори мақомоти санҷишии марказӣ, вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.
Дар доираи ҷаласа, масъалаҳо оид ба таҷрибаи татбиқи ислоҳоти соҳа, татбиқи қонунгузорӣ дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таъмини риоя ва иҷрои дақиқи қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд карда шуд, ки дар раванди идомаи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар доираи Қонун шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 ба 23 мақомот кам гардида, тамоюли устувори давра ба давра кам шудани миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба миён омадааст.
Зикр гардид, ки тибқи нақшаҳои дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқгардида дар соли 2024 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2023-ум тамоюли камшавӣ дида мешавад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, оид ба таъмини риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дахолати беасоси масъулини мақомоти назоративу санҷишӣ ба фаъолияти хоҷагидории сармоягузорону соҳибкорон суханронӣ карда шуда, ҳисоботҳои роҳбарони мақомоти санҷишӣ шунида шуданд.
Дар робита ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор Номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали мақомоти санҷишӣ, Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ва Нақшаи гузаронидани санҷишҳо барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.