Санаи 28-уми декабр Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа натиҷагирӣ гардида, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зимнан, Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосаро ба дастгирии давлатии соҳибкорию сармоягузорӣ равона намуданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки дар ин корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бузург мебошад.
Бо назардошти ин натиҷаҳо, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Тавре Роҳбари Давлат иброз намуданд, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумориданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Инчунин, пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.
Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо зикри маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дар муҳлати се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия намояд.
Вобаста ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии навро ба роҳ мондаанд, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.
Аҳли кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории мамлакат дар ҷавоб ба ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро боз ҳам ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат, рушди устувори иқтисодиёт ва таъмин намудани пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ равона менамоянд.