Санаи 27 декабри соли 2024 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвази Ҷумҳурии Тоҷкистон, Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Шӯро – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро – вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», инчунин роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар, Истаравшан ва ноҳияи Б. Ғафуров иштирок варзиданд.
Қайд карда шуд, ки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба иқтисодиёт ба шумор рафта, давлат метавонад тибқи созишнома ҳамкориҳои дахлдорро бо бахши хусусӣ ҷиҳати рушди инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ якчанд иқдомҳоро амалӣ намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ 5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти тандурустӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза, таъсиси маркази варзишӣ, таъсиси фабрикаи парандапарварӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба амалишавии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа пешниҳод карда шуд, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати рушди инфрасохтор, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҳамкориро бо бахши хусусӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ тақвияти ҷиддӣ бахшанд.