Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон

      Санаи 16-уми январи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.

      Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуда, дар он ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар ва доираи васеи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон иштирок карданд.

      Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамоиши мазкурро барои мубодилаи афкору таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба истифодаи босамари имкониятҳои сармоягузории кишвар ҷалб карданд.

      Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён қайд намуданд, ки робитаҳои самараноки доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон бо дарназардошти зарфияту имкониятҳои мавҷуда метавонад барои пешбурди тарҳҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тақвияти муносибатҳои фарҳангӣ байни ду кишвар заминаи устувор гузорад.

      Пас аз анҷоми қисмати расмӣ, кори ҳамоиш дар доираи панелҳои алоҳида таҳти унвони “Пулҳои тиҷоратӣ ва инноватсияҳо: Нигоҳи нав ба робитаҳои иқтисодӣ” ва “Кашфи уфуқҳои нав: Тоҷикистон ва Эрон – пайвасти фарҳангҳо дар ҷаҳони сайёҳӣ” идома ёфт.

      Зимни чорабинӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеи ҳамкориҳо дар самти рушди “иқтисоди сабз”, энергетика, рақамикунонӣ ва инноватсия, саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ иброз намуданд.

      Маврид ба зикр аст, ки дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15-уми январ нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон баргузор карда шуд, ки дар доираи он байни доираҳои соҳибкории ду кишвар санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 5 млрд сомонӣ ба имзо расонида шуданд.

      АКСҲО:

      16.01.2025
      1 469
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО