Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро барои беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи саривақтию самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ равона намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида истодааст.
САРМОЯИ ХОРИҶӢ
Дар соли 2024 ҳаҷми умумии сармояи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида 4,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2023 2,1 млрд. доллар ё 72,7% зиёд мебошад.
Воридоти сармояи хориҷӣ ба шаҳри Душанбе 4,128 млрд. доллар ё 84,2%, вилояти Суғд 761,2 млн. доллар ё 15,5%, вилояти Хатлон 11,8 млн. доллар ё 0,2%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3,2 млн. доллар ё 0,1% ва ба ВМКБ 1,3 млн. доллар ё 0,1%-ро ташкил медиҳад.
Аз ин маблағ ҳаҷми сармояи мустақим 394,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 110,2 млн. доллар ё 38,8% зиёд мебошад.
Сармояи мустақим, асосан, ба саноати коркард – 176,4 млн. доллари ИМА (ё 44,7 фоиз), саноати истихроҷ – 145,9 млн. доллари ИМА (ё 37,0 фоиз), миёнаравии молиявӣ – 31,6 млн. доллари ИМА (ё 8,0 фоиз), савдо ва хизматрасонӣ – 28,1 млн. доллари ИМА (ё 7,1 фоиз), соҳаи сохтмон – 5,4млн. доллари ИМА (ё 1,4 фоиз), кишоварзӣ ва шикор 1,9 млн. доллари ИМА (ё 0,5 фоиз) ва ғайра 5,0 млн. доллари амрикоӣ (ё 1,3 фоиз) равона карда шудаанд.
Сармояи мустақими хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, асосан, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 150,9 млн. доллари ИМА ё 38,3 фоиз, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико 118,9 млн. доллари ИМА ё 30,2 фоиз, Британияи Кабир 51,1 млн доллари ИМА 13,0 фоиз, Федератсияи Россия 28,9 млн доллари ИМА ё 7,3 фоиз, Қазоқистон 15,7 млн. доллари ИМА ё 4,0 фоиз, Туркия 5,8 млн. доллари ИМА ё 1,5 фоиз, Япония 5,4 млн. доллари ИМА ё 1,4 фоиз, Фаронса 4,2 млн. доллари ИМА ё 1,1 фоиз ва дигар давлатҳо 13,4 млн. доллари ИМА ё 3,4 фоиз ворид гардидааст.
Бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита 6 адад созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,1 млрд доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки дар мавриди татбиқи онҳо ташкили беш аз 9000 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст.
Созишномаҳои сармоягузории баимзорасида татбиқи лоиҳаҳоро дар бахшҳои саноати дорусозӣ, мошинсозӣ, куҳкорӣ, сохтмон ва ғайра дар бар мегирад.
Ҳамзамон, ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя дар ин давра зиёда аз 20 ҳамоишу нишастҳои соҳибкориву сармоягузорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор карда шуданд, ки дар доираи онҳо зиёда аз 80 санадҳои ҳамкорӣ бо маблағи умумии 3,3 млрд. доллари ИМА байни бахши хусуси ватанию хориҷӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон созишномаҳои дахлдор барои татбиқи 3 лоиҳа ба маблағи умумии 13,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуда, корбарӣ барои мувофиқаи боз 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 17,5 млн. доллари ИМА идома дорад.
ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 90 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (54 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) бо маблағи умумии 51,9 млрд. сомонӣ (4 756,8 млн. доллари ИМА) мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда азхудкунии маблағҳо дар соли 2024 - 6,7 млрд. сомонӣ (612,6 млн. доллари ИМА) ё 100% ва аз санаи оғози татбиқ - 30,8 млрд. сомонӣ (2,8 млрд. доллари ИМА) ё 59%-ро ташкил дод.
Дар соли 2024 бо шарикони рушд барои татбиқи 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 37 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 16,5 млрд сомонӣ (1,5 млрд. доллари ИМА) ба имзо расонида шуд, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд.
Дар таркиби лоиҳаҳои нав маблағҳои грантӣ –8,5 млрд сомонӣ (775,6 млн. доллари ИМА) ё 52%, қарзӣ – 7,4 млрд сомонӣ (684,1 млн. доллари ИМА) ё 46% ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 389,4 млн сомонӣ (35,4 млн. доллари ИМА) ё 2%-ро ташкил медиҳад.
Дар доираи созишномаҳои нави дар ин давра ба имзорасонидашуда ба соҳаи маориф 80 млн. доллари ИМА, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 87,3 млн доллари ИМА, кишоварзӣ 56,5 млн доллари ИМА, энергетика 883,8 млн доллари ИМА, нақлиёт 247,2 млн доллари ИМА, хоҷагии манзилию коммуналӣ 34,7 млн доллари ИМА ва дигар соҳаҳо 105,6 млн доллари ИМА ҷалб гардид.
Аз ҷумла, 811,7 млн. доллар ё 54,3% маблағҳои лоиҳаҳои нав барои сохтмони НБО “Роғун” ҷалб гардидаанд, ки аз ин 350 млн. доллар ё 43,1% грант ва 461,7 млн. доллар ё 56,9% қарз мебошад.
СОҲИБКОРӢ
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31-уми декабри соли 2024 шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ ба 365,3 ҳазор адад баробар шуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023-юм 15017 адад ва ё 4,3% зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор, шахсони ҳуқуқӣ 35,0 ҳазор адад ё 9,6%-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 1206 адад ё 3,6% зиёд мебошад.
Шумораи соҳибкорони инфиродӣ 330,3 ҳазорро (90,4%) ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 13881 адад ё 4,4% зиёд мебошад.
Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 21189 адад субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 843 адад шахси ҳуқуқӣ ва 20346 адад соҳибкорони инфиродӣ барҳам хурдааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023-юм 139 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 162 адад соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмӯъ 301 адад субъект кам аст.
Дар ин давра, 36812 адад субъекти хоҷагидор таъсис ёфтааст, ки аз ин 34672 адад соҳибкори инфиродӣ ва 2140 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки ин нишондод нисбат соли 2023 19 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 3614 адад соҳибкорони инфиродӣ зиёд ва дар маҷмӯъ 3633 адад зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ - ноябри соли 2024 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иқтисодиёт ба маблағи 21864,8 млн. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки аз ин 11525,6 млн. сомонӣ ба самти фаъолияти соҳибкорӣ дода шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1999,3 млн. сомонӣ ё 21,0 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба амалишавии 5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ қарорҳо қабул гардиданд.
Айни замон, тавассути механизми мазкур 15 созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҷалби беш аз 503 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар доираи амалишавии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ беш аз 667 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 49 миллион сомонӣ андоз ва боҷҳои гумрукӣ пардохт гардидааст.
Дар соли сипаригардида, аз ҷониби Кумита беш аз 400 семинару машваратҳо ва тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябр Рӯзи соҳибкорон бошукуҳ ҷашн гирифта шуд.
Эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, такмили меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо ва механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида, таҳияи Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳо, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” бармеоянд, барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар мусоидат хоҳанд кард.
МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 53,039 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд, ки аз ин 40,85 млн сомонӣ ё 77% аз ҳисоби хусусигардонӣ, 12 млн сомонӣ ё 22,6% аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ ва 189,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисби дигар даромадҳо ворид гардидааст.
Дар маҷмуъ нақшаи пешбинигардидаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 (50 млн сомонӣ) 106% таъмин карда шуд.
Дар ҷумҳурӣ 121 ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи дорои саҳми давлат ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 100 адад бо 100% саҳми давлатӣ ва 21 адад бо аз 5 то 99% саҳми давлатӣ мебошанд.
Инчунин, 4 адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд мавҷуд мебошанд, ки дар сармояи оинномавиашон саҳми давлат вуҷуд дорад.
Бо мақсади иттилоотонии шаҳрвандон ва доираҳои соҳибкорию сармоягузорон сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо суроғаи www.investcom.tj фаъол буда, маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имтиёзу сабукиҳои дар қонунгузорӣ пешбинигардида, низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин хабару рӯйдодҳо ва эълону дигар маълумотҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дар он дастрас аст.
Ҳамзамон дар сомонаҳои Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ www.investmentcouncil.tj, КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ www.muzoyada-kvd.tj ва КВД “Тоҷинвест” www.tajinvest.tj маълумот оид ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, музоядаю озмунҳои фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин нақшаҳои солона ва номгӯйи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ ҷойгир карда шудаанд.
Инчунин, саҳифаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буда, аз рафти фаъолият мунтазам хабару маълумотҳо паҳн мегардад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кушиш ба харҷ медиҳад, ки дар соли 2025 натиҷаҳои беҳтару арзандатарро ноил гардад.