Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

      Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид.

      Чорабиниро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо дидан аз дастурхони идонаи наврӯзӣ, ки бо “Ҳафт шин” ва “Ҳафт син” ороста гардида буд, ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо фарорасии иди баҳори нозанин – Наврӯзи Аҷам табрик намуд.

      Қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидани Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид ва ин моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

      Наврӯз, ки ифодаи бедоршавию зиндашавии табиат мебошад, натанҳо достони омадани баҳор, балки ҳамчунин эҳёву иқдомоти навин мебошад.Воқеан, Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

      Сипас, аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба ғолибони озмуни шоҳмот ва тениси рӯи миззӣ ҷоизаҳои хотирмон тақдим гардид.

      Дар охир Раиси Кумита бори дигар иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, ба ҳозирин хушбахтиву сарбаландӣ ва сарсабзиҳои наврӯзӣ орзу намуд.

       

       

       

      АКСҲО:

      20.03.2025
      1 202
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО