Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд

      Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд, ки рӯзи 4-уми майи соли 2025 дар Милани Италия ба кори худ оғоз кард, иштирок мекунад.

      Дар рӯзи аввали вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Йингмин Янг, Директори генералии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Евгений Жуков ва Директори иҷроияи Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Викас Шил мулоқот намуд.

      Дар дар доираи ин мулоқотҳо ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаи дастгирии БОР барои сохтмони НБО Роғун зоҳир гардид. Бонки Осиёии Рушд бори дигар омодагии худро барои ҷудо намудани 500 миллион доллари ИМА барои ин лоиҳаи муҳим, ки дар «рушди сабз» на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя саҳми арзанда хоҳад гузошт, тасдиқ намуд.

      Ҳайат, инчунин дар нишасти машваратии Хазинаи Рушди Осиё, ки захираҳоро аз манобеи мухталиф барои иҷрои тарҳҳои грантӣ дар кишварҳои сусттараққикарда ва рӯ ба тараққӣ сафарбар мекунад, ширкат кард. Тоҷикистон яке аз бузургтарин баҳрабарандагони грантҳои ин Хазина мебошад.

      Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар тӯли солҳои ҳамкорӣ аз соли 1998 инҷониб БОР ҳудуди 200 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,7 миллиард доллари ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст. Айни замон, БОР 19 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,0 миллиард доллари ИМА дастгирӣ мекунад.

      АКСҲО:

      05.05.2025
      633
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО