Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории форуми сармоягузориву соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Шероз

      Имрӯз, дар толори меҳмонхонаи Шероз Гранд Хотел дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи мушатарки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистону Эрон Форуми сармоягузориву соҳибкории Тоҷикистону Эрон баргузор карда шуд.

      Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода ва Устондори Устони Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон суханронӣ намуда, вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Эрон гузориш доданд.

      Зимни суханронии худ, Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ имконоти сармоягузории кишварро муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ ислоҳоти зарурӣ амалӣ менамояд.

      Ислоҳоти роҳандозигардида барои соҳибкорону сармоягузорон як қатор имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ, кафолатҳои қонунӣ ва бартариятҳои соҳавиро пешбинӣ менамояд. 

      Дар ин робита аз соҳибкорону сармоягузорони эронӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, аз ин имтиёзҳо баҳравар гарданд ва барои густариши ҳамкориҳо саҳмгузор бошанд.

      АКСҲО:

      05.05.2025
      693
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО