Аз санаи 1 то 2 майи соли 2025 бо мақсади шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2024, инчунин муҳтавои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ вохурии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо соҳибкорон ва намояндагони мақомоти назоративу санҷишӣ ва иҷозатдиҳанда дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои мазкур муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Бохтар, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба ислоҳоти соҳа ва натиҷаи онҳо аз ҷониби масъулин рӯнамо манзур карда шуд.
Қайд карда шуд, ки солҳои охир бо ташаббус, раҳнамоӣ ва таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти муҳим дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ гузаронида шуда, пойгоҳи ҳуқуқии соҳа мукаммал гардонида шуд.
Зикр карда шуд, ки дар идомаи ин сиёсати муваффақ, дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 зарурати маротибаи панҷум эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027 таъкид гардид ва дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2025, № 915 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда шуд, ки заминаи ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳоро муайян ва ҳифз менамояд.
Дар фарҷоми чорабиниҳо музокирот ва саволу ҷавоб бо доираи соҳибкорон ва намояндагони мақомоти назоративу санҷишӣ ва иҷозатдиҳанда баргузор карда шуда, таклифҳои дахлдор вобаста ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ пешниҳод карда шуданд.