Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Раиси Кумита дар форуми сатҳи баланди Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Милан оид ҳифз намудани пиряхҳо даъват ба амал овард

      Санаи 7-уми майи соли 2025 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода дар ҷаласаи сатҳи баланди Бонки Осиёии Рушд (БОР) таҳти унвони «Трансформатсияи системаҳои ғизоӣ барои ояндаи устувор» дар шаҳри  Милани Италия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати андешидани чораҳо вобаста ба пешгирии таҳдидҳои иқлимӣ ба амнияти озуқаворӣ ва об даъват ба амал овард.

      Раиси Кумита дар баробари раҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мудирони кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсюй Дунъюй ва Институти байналмилалии шолӣ (IRRI) Ивон Пинто ҳамчун панелисти асосӣ суханронӣ карда, бо таваҷҷуҳ ба обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ, онро яке аз мушкилотҳои асосӣ барои устувории системаҳои об ва озуқаворӣ дар минтақа номид. Бо истифода аз фурсати мазкур раиси Кумита тамоми ҷонибҳои манфиатдорро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29 - 31-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуда, нақши фаъоли Тоҷикистонро дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим таъкид намуд.

      Президенти БОР Масато Канда ҷаласаро бо пешниҳоди рӯзномаи стратегии созмон барои солҳои 2025-2030, ки масъалаҳои озуқаворӣ, рушди деҳот, ҳифзи экосистема, тавонмандсозии занон ва маблағгузории тиҷорати агросаноатиро дар бар мегирад, ифтитоҳ намуд.

      Таҳти модератории профессор Шенгген Фан аз Донишгоҳи кишоварзии Чин, чорабинӣ коршиносони сатҳи баланд ва барандагони ҷоизаи Нобел, аз ҷумла Майкл Крамер, Алваро Ларио (IFAD) ва Синди МакКейнро (WFP) барои таҳияи қарорҳои фарогир ва тобовар ба иқлим барои амнияти озуқаворӣ дар минтақа ҷамъ овард.

      Бо суханронии худ раиси Кумита ёдовар шуд, ки то чӣ андоза таназзули муҳити зист ба системаҳои озуқаворӣ мустақиман таъсир мерасонад ва дар ин замина бояд кушишҳо дар сатҳи байналмилалӣ муттаҳид карда шаванд.

      АКСҲО:

      07.05.2025
      205
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО