ТАМОС БО МО
Санаи 14-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» имзо гузоштанд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию иқтисодии муносибатҳоро дар соҳаи сармоя ва амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки бо истифода аз низомҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ анҷом дода мешаванд, муқаррар карда, ба таъмини устуворӣ, масъулиятнокӣ, фарогирӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Матни пурраи Қонун дар матбуот нашр мешавад.