Санаи 3 июни соли 2025 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Султон Раҳимзода бо директори минтақавии Бонки Олмонии рушд (KfW) дар Осиёи Марказӣ– Андреас Шнайдер, ва мудири кишварии Бонки рушди KfW дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Петар Георгиев мулоқоти расмӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба раванди амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки бо дастгирии молиявии Бонки Олмонии рушд(KfW) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, мубодилаи афкор анҷом дода, дурнамои густариши ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ намуданд. Ҷониби Олмон маълумоти муфассал дар бораи ташаббусҳои ҷорӣ пешниҳод намуда, омодагии худро барои рушди шарикӣ бо Тоҷикистон дар асоси устуворӣ ва дарозмуддат таъкид намуд.
Раиси Кумита имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ, ислоҳоти қонунгузорӣ ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ диққати махсус зоҳир карданд. Таъкид шуд, ки рушди энергияи сабз, таҳияи таҳқиқоти техникию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои стратегӣ аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд.
Ҷониби Олмон изҳори таваҷҷуҳи ҷиддии худро нисбат ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши саноат, инчунин истихроҷ ва коркарди ашёи хом баён дошта, омодагии худро ҷиҳати баррасии ташаббусҳои нав дар ин самтҳо иброз намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб омодагии муштараки худро ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ иброз доштанд.
АКСҲО: