Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Душанбе, 18уми июли 2025. Имрӯз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

      Дар ҷаласа роҳбарияти Кумита, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳо ва корхонаҳои зертобеи Кумита, инчунин сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

      Дар ҷаласа муовини якуми Раиси Кумита Юсуфзода Фаррух Юсуф оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар самти ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, беҳдошти механизми идоракунии моликияти давлатӣ, инчунин татбиқи самараноки барномаҳои давлатии соҳавӣ гузориш дод.

      Инчунин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Кумита, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо доир ба дастоварду мушкилиҳо дар самти ҷалби сармоягузориҳои мустақим, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва истифодаи самараноки амволи давлатӣ  ҳисобот доданд.

      Раиси Кумита Султон Раҳимзода бо назардошти маълумоти пешниҳодгардида, натиҷаҳои умумии фаъолияти Кумитаро мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба зарурати таҳкими иқтидорҳои ҷалби сармоя, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ, шаффофияти идоракунии амволи давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияту касбияти кормандон ҷалб намуд.

      Ҷиҳати иҷрои самараноки вазифаҳои дарпешистода ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуда, таъкид карда шуд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тамоми воҳидҳои сохторӣ ва кормандон фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, бо масъулияти баланд амал намоянд.

      АКСҲО:

      18.07.2025
      38
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО