Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи саривақтию самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ равона намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда чораҳои мушаххас андешида истодааст.
САРМОЯИ ХОРИҶӢ
Дар нимсолаи якуми соли 2025 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 303,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки ин нишодиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҳаҷми 1 231,1 млн. доллари ИМА ё 59,4 фоиз зиёд мебошад.
Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои ИДМ 1 412,8 млн. доллари ИМА ё 42,8 фоиз аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба ҳаҷми 588,4 млн. доллари ИМА ё 71,4 фоиз афзоиш ёфтаааст. Воридоти сармояи хориҷӣ аз кишварҳои хориҷии дур 1 891,1 млн. доллари ИМА ё 57,2 фоизро ташкил намудаааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 642,6 млн. доллари ИМА ё 51,5 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ин давра воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 144,7 млн. доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии кишвар ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 190 млн доллари ИМА бо ташкили беш аз 750 ҷойи кории нав ба имзо расонида шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар бар мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз омилҳои муҳими таъмини ҷалби сармояи хориҷӣ ин такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад, аз ҷониби Кумита лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» дар таҳрири нав таҳия карда шуд, ки аз 14-уми майи соли 2025, таҳти №2173 мавриди амал қарор дорад.
Инчунин, дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, аз ҷониби Кумита лоиҳаи «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026 – 2030 таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2025, №372 қабул гардид.
ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 82 адад (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 45,3 млрд. сомонӣ (4 598,1 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.
Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 32,1 млрд. сомонӣ (3,2 млрд. доллар) ё 71 фоиз, қарзӣ 11,6 млрд. сомонӣ (1,2 млрд. доллар) ё 25,8 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 млрд. сомонӣ (143,8 млн. доллар) ё 3,1 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 57,2 млн. сомонӣ (5,8 млн. доллар) ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда азхудкунии маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз санаи оғози татбиқ 25,4 млрд. сомонӣ (2,6 млрд. доллари ИМА) ё 57 фоиз ва тибқи нақшаи молиявии моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 2,7 млрд. сомонӣ (278,8 млн. доллари ИМА) ё 108 фоизро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бо шарикони рушд 9 созишномаи қарзию грантӣ вобаста ба татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 153,7 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро дар соҳаҳои рақамикунонӣ, обёрӣ, нақлиёт ва тандурустӣ дар бар мегирад.
СОҲИБКОРӢ
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 375133 адад субъектҳои хоҷагидор фаъолият мекунад, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 16 525 адад ва ё 4,6 фоиз зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор, соҳибкорони инфиродӣ 339 560 адад дар миқёси ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 15 374 адад ва ё 4,7 фоиз зиёд гардидааст.
Инчунин, аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор, шахсони ҳуқуқӣ то 1 июли соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 35 573 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 1151 адад ва ё 3,3 фоиз зиёд гардидааст.
Дар баробари ин, дар моҳҳои январ - июни соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 12 726 адад субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 523 адад шахси ҳуқуқӣ ва 12 203 адад соҳибкорони инфиродӣ барҳам хӯрдааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 66 адад шахсони ҳуқуқӣ, 1 812 адад соҳибкорони инфиродӣ (дар маҷмӯъ 1 878 адад субъект) зиёд барҳам хурдааст.
Дар ин давра, 23 308 адад субъекти нави хоҷагидор таъсис ёфтааст, ки аз он 22 112 ададро соҳибкори инфиродӣ ва 1196 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 82 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 4288 адад соҳибкорони инфиродӣ (дар маҷмӯъ 4370 адад) зиёд гардидааст.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ июни соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иқтисодиёт ба маблағи 13 697,2 млн. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 3 073,9 млн. сомонӣ ё 28,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар давраи ҳисоботӣ додашуда маблағи 6 807,5 млн. сомонии он ба самти фаъолияти соҳибкорӣ дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 1 107,7 млн. сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад.
Қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ 10 227,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 298,7 млн. сомонӣ ё 29,0 фоиз зиёд гардидааст.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ қарзҳои додашуда ба занон 3 538,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 855,0 млн. сомонӣ ё 31,9 фоиз зиёд гардидааст.
Дар моҳҳои январ - июни соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ аз ҷониби Кумита беш 300 тренингҳои гуногуни омӯзишӣ доир ба имтиёзҳои андозию гумрукӣ, бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайдо намудани идея ва татбиқи амалии он, омода намудани рунамо ва муаррифии он дар назди сармоягузорон, тарзи нақшаи тиҷоратӣ, дарёфти сармоя, муаррифии лоиҳа дар назди сармоягузорон ва дигар мавзуҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ гузаронида шуданд.
МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 21 696 709 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шуд.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 шумораи умумии ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳми давлат дар сармояи оинномавии онҳо мавҷуд аст 121 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора саҳмияҳои 100 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ бо 100 фоиз саҳми давлатӣ ва 21 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ ҳиссавӣ мебошанд. Инчунин, дар 4 адад ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд саҳми давлат дар сармояи оинномавии онҳо мавҷуд мебошад.
Бо мақсади иттилоотонии шаҳрвандон ва доираҳои соҳибкорию сармоягузорон сомонаҳои расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо суроғаи www.investcom.tj ва ташкилотҳои зерсохтори он КВД “Тоҷинвест” www.tajinvest.tj, КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ www.muzoyada-kvd.tj фаъол буда, маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имтиёзу сабукиҳои сармоягузорӣ, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, музоядаю озмунҳои фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, инчунин хабару рӯйдодҳо ва эълону дигар маълумотҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дар он дастрас мебошад.
Инчунин, саҳифаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буда, аз рафти фаъолият мунтазам хабару маълумотҳо паҳн мегардад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кушиш ба харҷ медиҳад, ки дар нимсолаи дуюми соли 2025 натиҷаҳои беҳтару арзандатарро ноил гардад.