Санаи 6 августи соли 2025, дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои зертобеъ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст, Раиси Кумита Султон Раҳимзода оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ суханронӣ намуда, ҷанбаҳои зеринро махсусан таъкид намуд:
- Пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ дар самти беҳтаргардонии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ;
- Ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт;
- Татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сайёҳӣ, инчунин ислоҳоти соҳаи андозу молияи давлатӣ ва дигар соҳаҳо;
- Таҳкими идоракунии самарабахши амволи давлатӣ;
- Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва молиявии соҳибкорону сармоягузорон, тавассути шарикӣ бо ниҳодҳои дахлдор.
Дар идома, роҳбарияти Кумита ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим, истифодаи оқилонаи амволи давлатӣ, раванди хусусигардонӣ, нишондиҳандаҳои таъсис ва барҳамхӯрии субъектҳои соҳибкорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Кумитаро фаро гирифт, ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, раиси Кумита Султон Раҳимзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкориҳои доимӣ ва саҳмашон дар таблиғу тарғиби имкониятҳои сармоягузории кишвар изҳори сипос баён намуда, зикр намуд, ки баргузории чунин нишастҳо дар таъмини шаффофияти фаъолияти Кумита, таҳкими эътимоди ҷомеа ба ислоҳоти иқтисодӣ ва густариши муколамаи давлат бо бахши хусусӣ нақши муассир хоҳад бахшид.
Муколама дар фазои озоду созанда сурат гирифта, ба ҳамаи саволҳо бо далел ва рақамҳои дақиқ посух дода шуд.