Душанбе, 5-уми сентябр. Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр намуд, ки Истиқлолият таҷассуми орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик буда, бо иродаи қавӣ, роҳбарии хирадмандона ва равиши дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба воқеият табдил ёфт ва Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, боэътимод ва пешрафта эътироф гардид.
Асоси комёбиҳои кишварро пеш аз ҳама эътимод ва дастгирии самимонаи мардуми ватандӯст ташкил медиҳад, ки баҳри пойдории истиқлол ва шукуфоии Ватани маҳбуб тамоми нерӯ, ҷасорат ва имконоти худро дареғ намедоранд. Маҳз ҳамин фидокорӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди созандагии ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард, то соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат бо суръати баланд рушд ёбанд.
Дар охир аз ҷониби раиси Кумита як қатор кормандони Кумита барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ ва иштирок дар корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.