Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе Инвест-2025

      Рӯзҳои 14-15 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” таҳти унвони «Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо» баргузор гардид.

      Дар маросими ифтитоҳи Форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони форумро хайрамақдам гуфта, таъкид карданд, ки ҳадафи асосии ин ҳамоиш муаррифии захира ва имкониятҳои Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, ҳамкорӣ ва татбиқи ғояҳои нав, ҳамчунин идомаи ислоҳот барои фароҳам овардани шароити рушди устувор ва шарикии дарозмуддат мебошад.

      Зимни суханронии худ, инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳибкоронро ба муносибати таҷлили рӯзи соҳибкорон, ки ҳамарӯза дар кишвар санаи 14-уми октябр таҷлил карда мешаванд, табрик намуданд.

      Дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025”, ҳамчунин, Абдулло Арипов - Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Роман Скляр - муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз - Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилани Малайзия, Татяна Молчан - Муовини котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Сайид Али Маданизаде - Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ - Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуданд.

      Дар кори Форум 1500 нафари иштирокчӣ аз 50 давлатӣ дунё, аз ҷумла ҳайатҳои баландпояи давлатҳои хориҷӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои соҳибкорию сармоягузории ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд.

      Дар доираи Форум 3 ҷаласаҳои пленарӣ,12 чорабиниҳои панелӣ ва 20 чорабинии канорӣ ташкил карда шуда, 42 ширкатҳои ватаниву хориҷӣ молу маҳсулот ва технологиҳои худро дар намоишгоҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

      Дар Форуми «Душанбе Инвест-2025» 52 созишнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 4 млрд доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар бар мегирад.

      АКСҲО:

      15.10.2025
      47
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО