Маҷаллаи маъруфи байналмилалӣ The Investor, ки дар беш аз 48 кишвари ҷаҳон паҳн мешавад ва зиёда аз 165 ҳазор роҳбарони қарор қабулкунандаи сатҳи ҷаҳонӣ бо зиёда аз 60 миллиард доллари ИМА ҳаҷми сармоя онро мутолиа мекунанд, шумораи махсуси худро таҳти унвони “The Investor Tajikistan 2025” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст.
Ин нашр бо ҳамкории зич бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Тоҷинвест” омода гардида, таҳлили пурра ва муфассали байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои сармоягузории кишварро дар бар мегирад.
Шумора бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, ки дар он диди дарозмуддати стратегӣ чунин тавсиф шудааст: «Ҳадафи стратегии мо — табдил додани Тоҷикистон ба макони боз ҳам мусоид ва умедбахши сармоягузорӣ мебошад, яъне кишваре, ки барои ҳамкориҳои дарозмуддат боз аст, ба рушди устувор равона гардидааст ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамгиро мешавад.»
Ҳамзамон, дар нашр паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки мизбони Форуми байналмилалии сармоягузории Dushanbe Invest - 2025 буданд, ҷой дода шудааст. Дар ин паём, аз ҷумла чунин омадааст: «Душанбе имрӯз ба яке аз самтҳои умедбахши сармоягузорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Бо субот, нерӯи ҷавон ва дидгоҳи равшани рушд, ҳар як сармоягузорӣ дар ин шаҳр на танҳо ба пешрафти он, балки ба ояндаи тамоми Тоҷикистон саҳм мегузорад.»
Ин нашрия, ки аз таҳлилу мусоҳибаҳои ғанӣ иборат аст, бозгӯкунандаи равандҳои иқтисодии муосир ва имкониятҳои нав дар бахшҳои стратегии кишвар - аз энергетика, саноат ва маъдан то молия, навовариҳо, кишоварзӣ, инфрасохтор, нақлиёт ва дипломатия мебошад.
Мусоҳибаҳои вижа бо роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалии рушд равандҳои ислоҳот, устувории иқтисодӣ ва афзоиши нуфузи минтақавии Тоҷикистонро дар муҳити сармоягузории Осиёи Марказӣ инъикос мекунанд.
Ин нашри бонуфуз бо ташаббус ва таҳияи ширкати Beyond Investments Group омода шудааст. Beyond Investments Group як гурӯҳи байналмилалии машваратӣ ва таҳиягари нашрияҳо, ки таҷрибаи зиёда аз 20 соларо дар пешбурди сиёсати сармоягузорӣ дар бозорҳои нав ва босуръат рушдкунанда дорад.
Ин гурӯҳ, ки марказаш дар шаҳри Париж ҷойгир аст ва идораҳои худро дар шаҳрҳои Дубай, Лондон, Ню-Йорк ва Шанхай дорад, дар самти иттилооти иқтисодӣ, таблиғоти стратегӣ ва ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ фаъолият мекунад ва бо дафтарҳои президентҳо, вазоратҳо ва агентии сармоягузорӣ дар кишварҳои гуногун ҳамкорӣ менамояд.
Нашрияи асосии ин гурӯҳ — The Investor, ҳамчун минбари ҷаҳонии таҳлили иқтисодӣ ва иртиботи мустақим миёни ҳукуматҳо ва сармоягузорон, шинохта шудааст. Он тавассути мусоҳибаҳои хос, таҳлили бахшҳо ва баррасиҳои сармоягузорӣ маълумот пешниҳод намуда, ба роҳбарони олии соҳаҳои молия, энергетика, технология, маъдан, саноат ва идоракунии сармоя дастрас мегардад.
Ҳар шумораи он зиёда аз 84 000 нусхаи чопӣ дошта, тавассути шабакаҳои корпоративӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ паҳн мегардад, дар ҳоле ки версияи рақамии он то як миллион боздидро дар моҳҳои наздик интизор аст.
Нашри «The Investor Tajikistan 2025» як рӯйдоди таърихӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии сармоягузорон ва инчунин муаррифи ҷойгоҳи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтисоди устувор, фаъол ва омода барои ҳамкорӣ дар қалби Осиёи Марказӣ мебошад.

Русский
English
52