Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон

      Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид.

      Зимни суханронии табрикотии худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода иброз намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рамзи арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботу ваҳдати пойдори кишвари азизамон мебошад.

      Ин рӯзи муқаддас дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рамзи ваҳдату сарҷамъии миллат, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, ҳамчунин арҷгузории тамоми мардуми азизи Тоҷикистон ба Пешвои муаззами худ, ҳамчун саҳифаи муҳим ва арзандаи таърихи давлатдорӣ сабт гардидааст.

      Ҳамзамон, қайд гардид, ки нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар тақдири давлат ва миллати тоҷик бениҳоят бузург ва сарнавиштсоз буда, он ҳамчун иқдоми наҷотбахш пояҳои давлати навини тоҷиконро таҳким бахшида, роҳи рушди устувору пойдори минбаъдаро муайян кард. Маҳз дар ҳамин иҷлосия таҳкурсии сиёсию ҳуқуқии сулҳу оромӣ гузошта шуда, роҳбарияти нави давлат интихоб гардид, ки минбаъд баҳри расидан ба суботи комил, барқарорсозии иқтисод, таҳкими пояҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдорӣ қадамҳои ҷиддии таърихӣ гузошт.

      Кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идорам амволи давлатӣ изҳор доштанд, ки бо иқдому ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи ҷалби сармоя, баланд бардоштани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ талошҳои худро идома медиҳанд.

      АКСҲО:

      14.11.2025
      33
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО